Дар Академияи идоракунии давлатӣ давраи омӯзишӣ барои занони роҳбар ҷамъбаст мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 27 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ давраи омӯзиши такмили ихтисос доир гардид, ки 4 март ҷамъбаст карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар давраи омӯзишии такмили ихтисос тибқи барнома вобаста ба ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, нақши занон дар хизмати давлатӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, сарварӣ ва идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи муосир, кафолату имтиёзҳо барои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, нақши занон дар рушди сиёсати гендерии ҷумҳурӣ, нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ машғулияти назариявии омӯзишӣ гузаронида шуд.
Инчунин бо шунавандагон ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқадорони хизмати давлатӣ вохӯрӣ намуданд. Собиқадорони хизмати давлатӣ вобаста ба масъалаҳои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумату давлат нисбат ба занон, нақши занон дар пешбурди ҷомеа, иштироки занон дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва таҷрибаи бойи худ суҳбати самимӣ намуданд.
Дар анҷоми давраи омӯзиши такмили ихтисос шунавандагони он соҳиби Гувоҳномаи хатми такмили ихтисос мегарданд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






