Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд
СУҒД, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонию навсозӣ идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам.
Боғи фарҳангии фароғатии «Ҷавонон» дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинобар маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун монда, тамоми таҷҳизоти фароғатии он, ки истеҳсоли замони шӯравӣ мебошанд, аз кор бозмонда буд.
Боғи «Ҷавонон» дар масоҳати 2,3 гектар бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он 3 млн сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари навсозию барқароркунӣ ҶДММ «Комрон-обод»мебошад.
Зимни боздиди роҳбарияти шаҳри Истаравшан аз ҷараёни корҳои сохтмонию навсозии боғ ба масъулин барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳои мушаххас дода шуда, ба таври рамзӣ ниҳоли ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд
Инчунин роҳбарияти шаҳри Истаравшан бо корҳои сохтмонӣ дар бинои қасри фарҳанг шинос шуд. Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Хонаи истироҳатию таълимӣ» сохтмони бинои қасри фарҳанг бо маром идома дорад. Фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, лоиҳаи иншоотро ҶСК «Бунёдгари Суғдзамин» таҳия кардааст.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






