Дар Будапешт Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Маҷористон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар Будапешт бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тоҷирону ширкатҳои хусусии ду давлат Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Маҷористон ҷиҳати баррасии густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ростои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Маҷористон нақши таҳкими минбаъдаи робитаҳои созанда байни намояндагони бахши хусусиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, неруи таҷдидшаванда, иқтисоди «сабз», саноат, фанновариҳои муосир, дорусозӣ, гардишгарӣ, лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуд.
Ҳамзамон имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардида, соҳибкорони Маҷористон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории мустақим бо ширкатҳои Тоҷикистон бо истифода аз зарфияти фаровони муштарак даъват карда шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд






