Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Наврӯз хотирмон ҷашн гирифта шуд

Март 26, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои ободу созгор ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони  соҳибистиқлол дар саросари  мамлакат, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунин иброз дошт роҳбарияти Донишгоҳ  дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон доир гардид.

Роҳбарияти Донишгоҳ ҳайати устодону донишҷӯёни ин даргоҳи маърифатро бо ҷашни  бостонии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо дар пешбурди сатҳи таълим ва тарбия дар донишгоҳ комёбиҳо таманно намуд.

Гуфта шуд, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва сарварони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бо катъномаи иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, ки бозгӯи дорои асолати бузурги фарҳангӣ будани Наврӯз аст.


Беш аз 10 сол аст, ки  Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бостониро дар ростои раванди  созандагиву бунёдкорӣ ва рушди устувор  дар мамлакат дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил менамояд.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дар доираи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии ҳар чӣ бештари расму ойинҳои Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои қаблан таҳияшуда бо оростани хони наврӯзӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ Наврӯзи байналмилалиро дар сатҳи баланд доир намуд.

Таъкид шуд, ки садорати факултетҳо ва сохторҳои таркибии Донишгоҳ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ баҳри иштирок дар озмуни «Беҳтарин гӯшаи наврӯзӣ» омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидаанд.

Инчунин ғолибони озмунҳо бахшида ба иди Наврӯз тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Барномаи ҷолиби фарҳангии наврӯзӣ ба базмгоҳи Наврӯзи Донишгоҳ шукуҳи тоза зам намуд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 26, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст