Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об (IWMI) дар Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми сеҷониба ба имзо расид. Инчунин Ёддошти тафоҳуми дуҷониба байни Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи аграрӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад.
Ин санадҳо 26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода, муовини роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Маркус Дурст ва роҳбари намояндагии минтақавии Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ Барбара Януш-Павлетта ба имзо расонида шуданд.
Ҳадафи асосии ҳамкории сеҷониба таҳияи барномаи муштараки магистрӣ дар соҳаи дипломатияи об дар доираи ташаббуси минтақавии «Blue Peace Central Asia» (2025–2029) мебошад, ки бо дастгирии Швейтсария амалӣ мегардад.
Барнома ба омодасозии мутахассисони баландихтисос дар самтҳои идоракунии захираҳои об, ҳуқуқи байналмилалии об ва ҳамкории фаромарзӣ равона гардида, таҳияи нақшаҳои муштараки таълимӣ, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди робитаҳои байнидонишгоҳиро пешбинӣ менамояд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамгироии донишҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва илмҳои соҳаи об барои ҳалли масъалаҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим дорад.
Имзои ду санад заминаи нави ҳамкории академия бо шарикони миллӣ ва байналмилалиро фароҳам оварда, ба рушди таҳсилоти олӣ ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи дипломатияи об мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






