ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
ДУШАНБЕ, 26.10.2026. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Ин давра барои барқарор кардани неруи ҷисмониву зеҳнии кӯдакон муҳим аст. Таътили тирамоҳӣ фурсати муносибест, ки кӯдакон пас аз чоряки якуми таҳсил каме истироҳат кунанд ва неруи тоза ҷамъ оранд. Аммо барои он ки ин рӯзҳо беҳуда нагузаранд, ба падару модарон тавсия дода мешавад, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Мутолиаи китобҳои бадеӣ
Ба ҷои телефон ва планшет кӯдаконро ба хондани адабиёти шавқовар ва беруназсинфӣ бояд ҷалб кард. Ин кор на танҳо ҷаҳони маънавии кӯдаконро бой мекунад, балки барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» заминаи мустаҳкам мегузорад.
Истироҳати фаъол ва сайругашт
Кӯдаконро бештар ба ҳавои тоза бароред. Сайругашт дар боғҳои истироҳатӣ ва машғул шудан ба бозиҳои варзишӣ ба саломатии ҷисмонии онҳо фоидаи калон дорад.
Танзими реҷаи рӯз
Нагузоред, ки кӯдакон то дергоҳ бедор бимонанд. Реҷаи хоб ва хӯрокро мувофиқи рӯзҳои дарсӣ нигоҳ доред, то ки пас аз таътил баргаштан ба мактаб барояшон душвор нагардад.
Омӯзиши ҳунар ва корҳои эҷодӣ
Рӯзҳои таътилро барои рушди истеъдоди кӯдакон самаранок истифода баред. Рассомӣ, сохтани маснуоти дастӣ (аз баргҳои тирамоҳӣ ва ғайра) ё кумак дар корҳои хона метавонад шавқовар бошад.
Тайёрӣ ба чоряки нав
Ҳар рӯз 30-40 дақиқаро барои такрори дарсҳои гузашта ва иҷрои супоришҳои таътилӣ ҷудо кунед, то кӯдак мавзуъҳоро фаромӯш накунад.
Таътили босамар — ин танҳо истироҳат аз дарсҳо нест, балки имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд мебошад. Вақти худро бо кӯдакон самаранок гузаронед!
Бисёре аз мактабҳо ва марказҳои рушди кӯдакон дар ин давра маҳфилҳои фаннӣ, рассомӣ, шоҳмот ва барномасозӣ ташкил мекунанд. Духтарон метавонанд дар ин давра дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба азхуд кардани ҳунарҳо (дар зиндагии мустақилона ба онҳо лозим мешавад), тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ, чеварӣ (дӯзандагӣ), сӯзанидӯзӣ, ороиши рӯй ва муй машғул шаванд.
Барои писарбачаҳо низ тавсияҳои муфид мавҷуданд. Онҳо метавонанд ҳунарҳои гӯштингирӣ, кандакорӣ, қассобӣ ва оҳангариро омӯзанд. Ин ҳунару маҳорат на танҳо дар зиндагии рӯзмарра ба онҳо кумак мекунанд, балки дар оянда барои муаррифии арзандаи ҳунарҳои мардумии тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи мустаҳкам мегузоранд.
Муҳимтар аз ҳама, иштирок дар ин гуна маҳфилҳо ва ҳунаромӯзиҳо ба насли ҷавон кумак мекунад, ки вақти худро самаранок гузаронанд, соҳиби касбу кори муносиб шаванд ва анъанаҳои миллии ниёгонамонро зинда нигоҳ доранд.
Хулоса, падару модаронро зарур аст, ки дар давраи таътили тирамоҳӣ барои фарзандонашон вақт ҷудо намоянд. Суҳбатҳои оилавӣ ташкил намуда, ба ин восита ба фарзандон дарси одобу муошират, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватанро омӯзанд.
Таҳияи Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд






