Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Наврӯз хотирмон ҷашн гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои ободу созгор ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар саросари мамлакат, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунин иброз дошт роҳбарияти Донишгоҳ дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардид.
Роҳбарияти Донишгоҳ ҳайати устодону донишҷӯёни ин даргоҳи маърифатро бо ҷашни бостонии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо дар пешбурди сатҳи таълим ва тарбия дар донишгоҳ комёбиҳо таманно намуд.
Гуфта шуд, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз бо катъномаи иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, ки бозгӯи дорои асолати бузурги фарҳангӣ будани Наврӯз аст.


Беш аз 10 сол аст, ки Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бостониро дар ростои раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди устувор дар мамлакат дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил менамояд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дар доираи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии ҳар чӣ бештари расму ойинҳои Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои қаблан таҳияшуда бо оростани хони наврӯзӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ Наврӯзи байналмилалиро дар сатҳи баланд доир намуд.
Таъкид шуд, ки садорати факултетҳо ва сохторҳои таркибии Донишгоҳ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ баҳри иштирок дар озмуни «Беҳтарин гӯшаи наврӯзӣ» омодагии ҷиддӣ ва ҳамаҷониба дидаанд.
Инчунин ғолибони озмунҳо бахшида ба иди Наврӯз тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Барномаи ҷолиби фарҳангии наврӯзӣ ба базмгоҳи Наврӯзи Донишгоҳ шукуҳи тоза зам намуд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид






