Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалии гӯштини миллӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 19 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) байни мардон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2023» баргузор мешавад, ки дар он дар он беҳтарин паҳлавонони 24 давлати дунё иштирок мекунанд. Дар ин хусус Директори иҷроияи Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон Сарахон Эмомов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои номбурда, солҳои қаблӣ дар мусобиқаи мазкур 10 ё 12 давлати хориҷӣ иштирок меварзид. Имсол, ки гӯштини миллӣ дар Тоҷикистон мақоми байналмилалӣ касб кардааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар байни мардон 24 давлат, аз қабили Арманистон, Арабистони Саудӣ, Беларус, Гурҷистон, Фаронса, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон, Эрон ва ғайра иштирок мекунанд.
Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар байни мардон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2023» аз рӯи 5 вазн: -65кг, -71кг, -78кг, -86кг ва +86кг баргузор мегардад. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаро мукофотҳои қимати пулӣ интизоранд.
Аз ҷумла, ғолибони ҷойи аввал бо 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм- 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм бо 3 ҳазор доллари америкоӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин дастгирию пуштибониҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
Мо боварӣ дорем, ки варзишгарони шинохтаи тоҷик- Темур Раҳимов, Беҳрузи Хоҷазода, Муллораҷаб Халифаев, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Саидҷамол Алимардонов, Исроил Раҳимов, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Шарифҷон Назриев, Хуршед Маҷидов Мирзоҷамил Рамазонов, Эмомали Нуралӣ ва дигарон дар ин мусобиқа иштироки фаъол намуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло мебардоранд.
Мавриди тазаккур аст, ки Пешвои миллат соли 2015 зимни таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони мамлакат ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯшитини миллӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Дар ин замина, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади рушди ин намуди варзиш дар дохили мамлакат механизмҳоеро амалӣ намуд, ки сабаби ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ, хосса ҷавонон ба гӯштингирӣ гардид.
Дар ин ҳошия бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ («гӯштингирӣ») барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Таваҷҷуҳ ва иштироки ҳарчи бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин мусобиқаҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ («гӯштингирӣ») метавонад қаламрави худро васеъ намуда, байналмилалӣ шавад.
Ин аст, ки инак дар саҳифаи варзиши мамлакат боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ рӯи кор омад. Гӯштини
миллӣ («гӯштингирӣ») мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва умури дохилии кишвари Швейтсария 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.
Зимнан, ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи гӯштини миллӣ («гӯштингирӣ») давоми соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини миллӣ («гӯштингирӣ»)-и Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ («гӯштингирӣ») бо иштироки варзишгарон аз хориҷи мамлакат дар назар дошта шудааст, ки метавонад дар рушди ин намуди миллии варзиш мусоидати фаъол намояд.
Хотиррасон мекунем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир мегардиданд ва паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувва меозмуданд. Аз рӯи ин намуди варзиш дар фаслҳои баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор мегарданд. Паҳлавонон байни халқ эътибори бузург дошта, дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояю сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ ва садоқатмандӣ ба ватанро доро будаанд. Гӯштингирӣ таърихи ҳазорсола дошта, моро зарур аст онро дар байни омма боз ҳам инкишоф диҳем.
Тавре зимни суҳбат бо шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов Сайдаҳмад Баҳриддинов зикр намуд, гӯштини миллӣ таърихи бою қадимӣ дорад. Дар ҳар ҷашну маросими миллӣ маъракаи гӯштингирӣ низ ҳаст. Бахусус дар ҷашнҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон ва дигар ҷашнҳо гӯштини миллӣ аз ҷониби ҷавонписарон ба таври шоиста иҷро мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки паҳлавонон ҳамеша ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ, муборизони зидди зулму асорат дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори шоирону нависандагони тоҷик ҷойи асосиро ишғол намудаанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасари худ «Шоҳнома» дар симои қаҳрамонон Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш, Эраҷ, Исфандиёр ва дигарон паҳлавонию таҳамтаниро таърифу тавсиф намудааст. Абуалӣ ибни Сино дар асари машҳури худ «Ал қонун» дар бораи фоидаи муолиҷаи машқҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ низ сухан ронда, гуфтааст: «Фарде, ки мунтазам ба машқи ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна дору эҳтиёҷ надорад».
Имрӯз ду намуди гӯштин паҳн гаштааст — яке гӯштингирӣ, дигаре гӯштини камарбандист, ки дар байни тоҷикони вилояти Суғд амал мекунад. Аз оғози солҳои 1930-юм инҷониб гӯштингирӣ аз ҳудуди ҷумҳурии мо берун баромада, барои инкишофи гӯштини дигар давлатҳо хизмат карда истодааст. Масалан, гӯштини самбо дар асоси бандҳои гӯштини миллии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравии бародар, аз ҷумла, гӯштини тоҷикон ташкил ёфтааст. Яке аз асосгузорони гӯштини самбо Анатолий Харлампиев соли 1941 бо қарори Маркази тадқиқоти илмии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои омӯзиши илмии гӯштинҳои миллӣ ба давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна сафар мекунад. Ӯ бо гӯштини миллии тоҷикон шинос шуда, дар тартиб додани гӯштини самбо аз усулҳои (техника)-и гӯштини миллӣ васеъ истифода мебарад.
Либоси гӯштингир
Бино ба гуфтаи котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Абдулло Саидхоҷаев, либоси гӯштингириро яктак ном мебаранд, ки он аз се ранг иборат мебошад. Сурх, сафед ва сабз, ки он ифодагари рамзи Парчами давлатӣ мебошад. Намунаи ин либос соли 2020 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардид.
«Гӯштингирон пойи бараҳна қувваозмоӣ менамоянд. Дар расми кушодашавии тантанавӣ ва пӯшидашавии мусобиқаҳои гӯштингирӣ, инчунин мукофотсупорӣ писарон бо либоси сабз ва бонувон бо либоси сафед мебароянд», — гуфт мутахассис.
Ба иттилои мутахассисони соҳа, зимни қувваозмоии гӯштингирон доштани ангуштарин, дастпона ва соат манъ аст. Дар сурати набудани ҷома гӯштингирон аз кимоно истифода мебаранд. Гӯштингире, ки нахустин шуда, даъват мешавад, бояд бо киманои сафед ба майдон барояд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»