Дар Душанбе Форуми миллии ҷавонон ҷараён дорад

Март 14, 2023 14:32

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар шаҳри Душанбе Форуми миллии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонони комёб ва ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии устувор: Калиди рушди пойдор ва муваффақ» ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Форум дар доираи лоиҳаи «Ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии устувор ва шарикии бисёрҷониба баҳри ҷавонони фаъол ва комёби Тоҷикистон — ProYouth» баргузор мегардад.

Тавре муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода гуфт, дар форум намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонони фаъол аз ноҳияҳои мақсаднок, сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ, донорҳо ва шарикони рушд ҷамъ омада, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар робита ба иҷрои Барномаи давлатии Тоҷикистон оид ба ҷавонон ва татбиқи Стратегияи сиёсати ҷавонон ва ҳамкории бисёрҷониба ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба ин раванд мубодилаи афкор мекунанд.

Ҳадафи асосии форум нишон додани натиҷаи лоиҳаи ProYouth буда, бо мақсади фароҳам овардани шароит барои устувории натиҷаҳои лоиҳа, муҳокимаи равиш ва методологияи амалӣ, таҷрибаи пешқадам, дарсҳои омӯхта, платформаи бисёрҷонибаи ҷалби ҷавонон, инчунин муаррифии механизмҳои таҳияшудаи татбиқи Стратегияи сиёсати ҷавонон гузаронида мешавад.

Дар ҳошияи форум ҳамчунин муаррифии лоиҳаҳои  тиҷоратӣ ва иҷтимоии ҷавонон, ки дар доираи лоиҳаи ProYouth бо иштироки фаъолонаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои тамос бо ҷавонон таҳия шудааст, амалӣ гардид.

Форуми миллии ҷавонон таҳти роҳбарии Ташкилоти байналмилалии австриягии Hilfswerk International дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди мушовирони касбии Тоҷикистон (ИМКТ) ва Ташкилоти ҷамъиятии «МИР – Маркази Имконият баҳри Рушд» ташкил шуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Агентии Рушди Австрия маблағгузорӣ шудааст.

Ҳамоҳангии форумро кормандони ташкилоти ҷамъиятии “МИР”, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар рушди неруи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон дар манотиқи дурдаст ва осебпазири Тоҷикистонанд, бар уҳда доранд.

Кори форум имрӯз низ идома меёбад.

 Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

   АКС: АМИТ «Ховар»

Март 14, 2023 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд