Дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занон ҷамъбаст гардид

Март 21, 2023 13:54

ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занон барои дарëфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки ба Рӯзи Модар бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар»  дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Мусобиқа байни занони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Ба ин тартиб дастаҳои ғолиб дар байни варзишгарони ғайрикасбӣ чунин муайян гардид:

Ҷойи якум — дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,

Ҷойи дуюм — дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ҷойи сеюм — дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.


Дастаҳои ғолиб дар байни варзишгарони касбӣ:

Ҷойи якум — дастаи ВМКБ,

Ҷойи дуюм — дастаи шаҳри Душанбе,

Ҷойи сеюм — дастаи вилояти Суғд.


Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастаҳои фаъол бо “Сипоснома”-ҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 21, 2023 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид