Дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занон ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занон барои дарëфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки ба Рӯзи Модар бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Мусобиқа байни занони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Ба ин тартиб дастаҳои ғолиб дар байни варзишгарони ғайрикасбӣ чунин муайян гардид:
Ҷойи якум — дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,
Ҷойи дуюм — дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷойи сеюм — дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Дастаҳои ғолиб дар байни варзишгарони касбӣ:
Ҷойи якум — дастаи ВМКБ,
Ҷойи дуюм — дастаи шаҳри Душанбе,
Ҷойи сеюм — дастаи вилояти Суғд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастаҳои фаъол бо “Сипоснома”-ҳо қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






