Дар Хуҷанд Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11-12 март Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон (солҳои таваллуди 2006-2008) дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чемпионати мазкур аз рӯи 8 категорияи вазнӣ дар байни писарон беш аз 200 варзишгар аз 9 даста — се даста аз шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Хатлон, якдастагӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати мазкур ба дастаи мунтахаби ҷудои мамлакат дар байни наврасон шомил гардида, Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






