Дар Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд

Март 16, 2023 10:59

ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10-12 март дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Суди Олии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар кори ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои  судҳои олии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Покистон, Русия, Беларус ва Эрон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои иттилоотонии судҳо, мусоидат ба дастрасӣ ба адолати судӣ, мушкилиҳои дастурии низоми судиро муҳокима намуда, оид ба муҳимияти мавзӯъҳои баррасишуда ва зарурати баланд бардоштани ҳамкории самаранок байни мақомоти судӣ маъруза намуданд.

Дар охир изҳороти муштараки раисони судҳои олӣ қабул гардид. Тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ дар байни судҳои олии давлатҳои аъзо ҳамкории судманд дар раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузории давлатҳои аъзо идома дода шавад.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2023 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд