Дар Маҷлиси намояндагон Созишнома оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба тасвиб расид

Март 15, 2023 14:05

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа (ЛДСК+)» ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуда, дар он вакилон, аз ҷумла Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа (ЛДСК+)» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид карда шуд, ки мақсад аз тасвиби созишномаи мазкур-  ин мусоидат намудан ба гузариши мамлакат ба траекторияҳои рушди устувор бо партовҳои кам ва усулҳои истеҳсоли кишоварзии ба иқлим мутобиқ дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа- ин рушди устувории экосистемаҳо ва мутобиқсозии воситаҳои зиндагӣ дар ноҳияҳои деҳоти аз тағйирёбии иқлим зарардида мебошад.

Лоиҳа ҳамчунин ба ҳадафу афзалияти Стратегияи миллии рушди мамлакат барои соли 2030 пурра мутобиқат менамояд.

Баромадкунандагон ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳадафи асосии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо назардошти таҷрибаи давлатҳои узви ИДМ ва анъанаҳои миллӣ, ба нишони эътибору эътирофи хизматҳои шоистаи собиқадорону кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳокимияти олии қонунгузорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ ҷалби таваҷҷуҳи васеи омма ба нақш ва аҳаммияти фаъолияти асосии ин мақомот маҳсуб мешавад.

Муқаррар намудани рӯзҳои ид барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 ва барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот санаи аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани аввалин қонунҳои даврони соҳибистиқлолӣ: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот» аз 1 декабри соли 1994 пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд