Дар натиҷаи сӯхтори киштии мусофирбар дар Филиппин 12 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи сӯхтори киштии мусофирбар дар Филиппин ҳадди аққал 12 нафар ҳалок шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе гурӯҳи расонаҳои ABS-CBN хабар додааст, ки дар байни онҳо ҳадди аққал се кӯдак ҳалок шуд.
Тибқи маълумоти расонаҳо, замоне ки киштии Lady Mary Joy 3 дар канори ҷазираи Балук-Балук оташ гирифт, дар он беш аз 200 мусофир буд. Мувофиқи маълумоти навкардаи мақомот, тақрибан 200 нафар наҷот ёфта, 14 нафар ба беморхона интиқол дода шуд.
Дидбонҳои соҳилӣ ҷустуҷӯи ҳафт нафарро, ки бедарак ҳисобида мешаванд, идома медиҳад. Мақомот сабаби сӯхторро муайян менамоянд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






