Дар Тоҷикобод доир ба пешгирии терроризм бо ҷавонону фаъолон вохӯрӣ баргузор карда шуд

Март 25, 2023 15:33

ТОҶИКОБОД, 25.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми июни соли 2021 вобаста ба Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва амалисозии нақшаи  он вохӯрии роҳбарияти ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  бо аҳолӣ ва ҷавонону фаъолон доир гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст. 

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки мақсади асосии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм- муайян намудани вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм буда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки “барои пойдории амнияти ҷумҳурӣ ва ободии ҷомеа ҷавононро зарур аст, ки дар қатори ҳама сокинони мамлакат дар атрофи Президенти Тоҷикистон муттаҳид гашта, барои шукуфоии сарзаминамон беш аз ҳар вақти дигар саъю талош варзанд. Ягона чизе, ки мову мамлакати моро аз хатари экстремизму терроризм наҷот медиҳад, ин ваҳдату якдилист. Мо дар ҳамбастагӣ неруи бузургу муқтадире ҳастем, ки ҳеҷ қувваи ғаразноке наметавонад ваҳдати моро халалдор намояд”.

Вобаста ба иҷрои муқаррароти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони панҷ ҷамоати деҳоти ноҳия вохӯрӣ намуда, вобаста ба муқовимат ба ин вабои аср бо сокинон суҳбат  намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Март 25, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд