ҲЕҶ АТРГУЛЕ РАНГ ВА ЗЕБОИИ МОДАРРО НАДОРАД. Фармудаҳои бузургон дар ситоиши зан

Март 8, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.

Дар васфу ситоиши ин олиҳаи зебоӣ бузургони илму адаб суханҳои зиёде эҷод кардаву баён доштаанд.

Бо вуҷуди ин,  онҳо  бар он андешаанд, ки  то ҳанўз бузургии Зан-Модар ба таври комил сутуда нашудааст. Дар зер гуфтаҳои чанде аз бузургонро дар васфи ин гавҳари ноёб пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун Модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бе Офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе Зан ишқ нест, бе Модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.

А. М. Горкий

***

Модар гаронбаҳотарин дороии як миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт: ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои Модар пуштибонӣ кунад.

Алан Кэй

***

Қалби Модар ба андозае густурда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.

 Оноре де Балзак

***

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.

Иқболи Лоҳурӣ

***

Зан кӯдаке аст, ки бо андак  меҳрубонӣ хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.

Ҳервед

***

Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир мекунад, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.

Вилям Шекспир

***

Агар ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд  расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамроҳӣ кардааст.

Шиллер

***

Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси Модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Як Модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад.

Ҷорҷ Ҳерберт

***

Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии Модарро надорад.

Эрнест Ҳемингуэй

***

Тору пуди Модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.

Ролф Волду Амрсон

***

Камоли зан дар модарӣ аст, зане, ки модар нест, мавҷуди ноқисест. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати Модари хуб ёбед.

 Оноре  де Балзак

***

Усораи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта, аз он Модар сохтаанд.

Кристофар Марлу

***

Яке аз бузургтарин офаридаҳо қалби Модар аст.

Андре Гретри

Гирдоваранда:
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 8, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»