«ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Данғара конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Март 16, 2023 18:14

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ дар ноҳияи Данғара Конференсияи ҷумҳуриявӣ зери унвони «Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» доир шуд.

Дар Конференсия роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, ҷавонону занони фаъол ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Зимни конференсия дар бораи нақш ва мақоми ҷашни Наврӯз ва таъсири он ба худшиносиву ҳувиятгароии миллӣ таъкид карда шуд, ки ҷашни Наврӯз аз адолату хирад ва некӣ сарчашма гирифта, он рамзи саодат, ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик ба шумор меравад. Бо ёдоварӣ аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз он бузургтарин дастоварди фарҳангии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Иштирокчиёни конференсия ҳамчунин дар мавзуҳои «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи хотираи таърихӣ», таърихи ҷашни Меҳргон ҳамчун иди мардуми кишоварзу ҷашни ҷамъоварии ҳосил ва арзишҳои илмию паҳлӯҳои пажӯҳишии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла иди Тиргон маърузаҳо карданд.

Дар кори конференсия иштирокчиёни фаъоли он бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Аз ҷониби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи ноҳияи Данғара китобҳои «ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ» тақдим карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Март 16, 2023 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд