ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА. Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба пешгирии хатарҳои замони муосир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба масъалаҳои пешгирии хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм ва эктремизм дар байни аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар доираи ин тадбирҳо вохӯрии роҳбарияти шаҳр бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Пахтаобод ва Навобод баргузор гардид, ки дар он раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа, омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар оғоз роҳбарияти шаҳр дар бораи сабабҳои пайдоиши экстремизм, ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас сухан гуфта, онҳоро ба ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва дастовардҳои беназири он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ даъват намуд.
Таъкид карда шуд, ки хатари идеологияи гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҳимояи дастҷамъонаи марзу буми мамлакат, давлатдории миллӣ, боз ҳам қавӣ гардонидани асосҳои сохти конститутсионӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихиро тақозо менамояд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ аз роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаву идора, имомхатибон, фаъолон, зиёиён ва сокинони деҳот бори дигар даъват ба амал оварда шуд, ки барои тақдири насли наврасу ҷавони имрӯза бетараф набошанд ва дар ҳар хонадон, кӯча, маҳалла, деҳа ва ҷамоат бо иштироки доираҳои васеи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мафкураву идеологияи аҳолиро дар самти ватандориву меҳанпарастӣ баланд бардоранд ва барои боз ҳам вусъат додани бунёдкориву созандагӣ камари ҳиммат банданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода










Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






