Фарҳод Раҳимӣ: «Дар тўли сад соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаҳои сахти шиддаташон зиёда аз 7,5 бал рух надодааст ва эҳтимоли ба амал омаданашон низ кам аст»

Март 23, 2023 18:46

ДУШАНБЕ, 23.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 21 март, соати 21:47, инчунин соати 01:07-и 23 марти соли равон ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Пайи ҳам рух додани ду заминларза, махсусан баъди заминларзаи харобиоваре, ки моҳи феврали соли равон дар Туркия ва Сурия рух дод, сабаби ба тарсу ҳарос афтодани баъзе аз сокинони мамлакат гардид. Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо мақсади шарҳи илмии табиати заминларза ва омилҳои ба вуҷуд омадани он, инчунин баҳодиҳӣ ба шиддати заминларза бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

С.Шамсиддинзода: Заминларзаҳои рўзҳои охир дар мамлакат баамаломада баъзе сокинонро ба тарсу ҳарос овардааст. Шумо ҳамчун коршинос дар ин хусус чӣ гуфтанӣ доред?

Фарҳод Раҳимӣ: Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ ҷойгир буда, кўҳҳои мо ҷавонанд, бинобар ин ҳаракатҳои тектоникӣ дар минтақаи мо фаъол аст.

Рўзҳои 25-27 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмиллалӣ дар мавзўи «Бехатарии сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардида буд, ки дар кори он олимони зилзилашинос аз 30 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.

Дар рафти конфронс олимон ба хулосае омаданд, ки дар тўли сад соли охир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларзаҳои сахти шиддаташон зиёда аз 7,5 бал рух надодааст ва эҳтимоли рух доданаш низ кам аст.

С.Шамсиддинзода: Лутфан, омилҳои ба вуҷуд омадани заминларзаро шарҳ медодед. Мегуфтед, ки онҳо ба чанд гурўҳ ҷудо мешаванд?

Фарҳод Раҳимӣ: Аз нуқтаи назари илмӣ, заминларза — ин ларзиши зеризаминӣ ва лаппиши сатҳи болоии Замин, инчунин, лағжиш ё ҳаракати плитаҳои тектонӣ мебошад. Мувофиқи ақидаҳои илмии муосир, заминларзаҳо раванди тағйирёбии геологии сайёраро инъикос мекунанд. Гумон меравад, ки сабаби асосии заминларзаҳо қувваҳои глобалии геологӣ ва тектоникӣ дар зери Замин мебошанд. Акасарияти олимони соҳа бар ин ақидаанд, ки пайдоиши ин қувваҳо бо тағирёбии ҳарорат дар қаъри Замин алоқаманд аст. Аксари заминларзаҳо дар канори бо ном «плитаҳои тектоникӣ» ба амал меоянд. Мушоҳида шудааст, ки дар ду асри охир заминларзаҳои шадид дар натиҷаи таркиши шикастҳои калони ин плитаҳо, ки ба сатҳи замин мебароянд, ба вуҷуд омадаанд.

Вобаста ба энергияи заминларзаҳо онҳо шартӣ ба заминларзаҳои шадид, заиф ва заифтар тақсим мешаванд. Истилоҳҳои «харобиовар» ё «фалокатбор» нисбат ба заминларза бо ҳар гуна энергия ва табиат истифода мешаванд, агар он бо харобшавии биною иншоот ва марги инсонҳо сабаб шуда бошанд.

С.Шамсиддинзода: Теъдоди заминларзаҳо чӣ гуна муайян карда мешавад?

Фарҳод Раҳимӣ: Ҳамасола дар курраи Замин зиёда аз як миллион заминларза ба қайд гирифта мешавад. Афзоиши шумораи нуқтаҳои мушоҳида ва такмили асбобҳои сабти заминларза имконият дод, ки ҳар даҳсола заминларзаҳои бештар дар дохили сайёра ба қайд гирифта шаванд. Агар дар аввали солҳои 1900-ум тақрибан 40 заминларзаи магнитудааш аз 7 бал ба боло ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар асри 20 соли асри XXI макони бавуқўъоӣ ва қувваи ҳамаи заминларзаҳо бо чунин магнитудаҳо сабт карда шуданд ва шумораи чунин заминларзаҳо зиёда аз 4000 ҳолатро ташкил дод.

С.Шамсиддинзода: Оё пешгўии заминларза имконпазир аст? Ва ягон ҳолати пешгўии он дуруст баромадааст?

Фарҳод Раҳимӣ: Дар ин маврид ҳамин нуктаро таъкид намуданием, ки дар охири асри XX як гурӯҳи сейсмологҳои машҳури ғарбӣ мубоҳисаҳои шабакавӣ баргузор карданд, ки масъалаи асосии онҳо «оё пешгӯии боэътимоди заминларзаҳои алоҳида ҳадафи воқеии илмӣ аст? Ва он имконпазир аст?» буд. Ҳамаи иштирокчиёни баҳс, сарфи назар аз ихтилофоти назаррас дар масъалаҳои ҷузъӣ розӣ шуданд, ки: пешгӯиҳои заминларзаҳои алоҳида бо дақиқии кофӣ барои банақшагирии барномаҳои кўчониш (эвакуатсия)-и аҳолӣ ғайривоқеӣ мебошанд; ҳадди аққал баъзе шаклҳои пешгӯии эҳтимолии хатари сейсмикии ҷорӣ, ки ба физикаи раванд ва маводи мушоҳидаҳо асос ёфтаанд, метавонанд асоснок карда шаванд. Ҳатто агар дақиқии ченкунӣ ва модели физикию математикии раванди сейсмикӣ, ки то ҳол вуҷуд надорад, имконият диҳад, ки макон ва вақти оғози вайроншавии қитъаи қабати заминро бо дақиқии кофӣ муайян кунад, магнитудаи заминларзаи оянда номаълум боқӣ мемонад Манбаи тасодуфии шиддати заминларзаро ба таври равшантар чунин тасвир кардан мумкин аст. Бигзор ҷабҳаи харобшавӣ, ки дар вақти заминларза паҳн мешавад, ба минтақа бо устувории баланд наздик шавад. Вайрон шудан ё нашудани минтақа ба шиддати заминларза вобаста аст. Масалан, агар убури ҷабҳаи харобшавӣ минбаъд идома ёбад, заминларза фалокатбор мешавад ва агар не, заминларза заиф боқӣ мемонад. Натиҷа аз қувваи майдон вобаста аст: агар он аз ҳадди муайян поёнтар бошад, вайроншавӣ аз рӯйи сенарияи аввал ва агар баландтар бошад, аз рӯи сенарияи дуюм сурат мегирад. Ҳамин тавр, пешгӯии аниқи макон ва замони заминҷунбӣ бо шиддати маълум тақрибан ғайриимкон боқӣ мемонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир олимони чинӣ дар пешгӯии заминларзаҳо муваффақиятҳои бузург ба даст овардаанд. Онҳо дар тӯли якчанд сол сатҳи Замин, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва инчунин хориҷшавии миқдори радон (газ)-ро дар ҷинсҳои кӯҳӣ назорат мекарданд.

Муҳаққиқон тахмин мезананд, ки ҳамаи ин параметрҳо, ба истиснои тағироти мавсимӣ ва инчунин тамоюлҳои бисёрсола, бояд чанд ҳафта ё моҳ пеш аз заминларзаи калон ба таври назаррас тағир пазиранд. Заминларзаи вилояти Ляонин, ки 4 феврали соли 1975 рух дод, бомуваффақият пешгӯӣ карда шуд: мақомоти Чин чанде пеш аз он сокинонро барои тарк кардани хонаҳои худ огоҳ намуданд, ки ин ба онҳо имкон дод шумораи зиёди қурбониёнро бартараф намоянд. Аммо 27 июли соли 1976 заминларзаи Тяншан (8,2 бал аз рўйи ҷадвали Рихтер) рух дод, ки дар он зиёда аз 650 ҳазор нафар қурбон шуданд, ки яке аз фоҷеабортарин заминларза дар таърих буд ва мутаасифона пешгўӣ карда нашуд. Дар охир ҳамин нуктаро баён кардан мехоҳам, ки заминларза ин ҳодиса муқаррарии табиӣ буда, пешгўӣ намудани он ба таври дақиқ ғайриимкон аст, гарчанде баъзе назарияҳои илмӣ дар ин маврид мавҷуданд.

С.Шамсиддинзода: Аз нигоҳи илмӣ, заминларзаҳо чанд шакл доранд?

Фарҳод Раҳимӣ: Дар кураи Замин шаклҳои зерини заминларзаҳо ба амал меоянд: вулқонӣ, тектоникӣ ва техногенӣ, фурўравии ҷойҳои холишуда. Заминларзаҳои вулқонӣ як навъи заминларзаҳое мебошанд, ки дар натиҷаи шиддати баланд дар қаъри вулқон таконҳо ба вуҷуд меоранд. Сабаби чунин заминларзаҳо тафта (гудоза, лава) ва гази вулқонӣ мебошад, ки аз поён ба сатҳи Замин фишор меоранд. Таконҳои ин навъи заминларзаҳо заиф мебошанд, аммо муддати тӯлонӣ, борҳо — ҳафтаҳо ва моҳҳо идома меёбанд. Бо вуҷуди ин, заминларзаи ин намуд барои одамон хатар надорад. Илова бар ин, заминларзаҳои вулқонӣ одатан пешгӯии таркиши вулқон мебошанд, ки оқибатҳои ҷиддитар доранд.

Заминларзаҳои тектоникӣ ҳангоми кӯчидани плитаҳои кӯҳӣ ё дар натиҷаи бархӯрдҳои платформаҳои уқёнусӣ ва материкӣ ба вуҷуд меоянд. Дар чунин бархӯрдҳо кӯҳҳо ё ғорҳо ба вуҷуд меоянд ва тағирёбии сатҳи Замин ба амал меояд. Заминларзаҳо метавонанд аз фаъолияти инсон ба вуҷуд оянд. Масалан, дар минтақаҳои обхезӣ ҳангоми сохтмони обанборҳои калон фаъолияти тектоникӣ тақвият ёфта, такроршавии заминларза меафзояд.

Заминларзаҳо инчунин метавонанд аз сабаби фурӯравии қисматҳои холишудаи зери замин ва фаромадани ярчҳои калон ба амал оянд. Чунин заминларзаҳоро обхезӣ меноманд, онҳо хусусияти маҳаллӣ ва қувваи кам доранд. Бо ташаккули холигоҳҳо дар зери замин, ки дар зери таъсири обҳои зеризаминӣ ё дарёҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меоянд, алоқаманд аст. Дар ин ҳолат қабати болоии сатҳи замин ба поён фурӯ рафта, ба ларзишҳои хурд оварда мерасонад. Ҷое, ки дар он заминларза (бархӯрди плитаҳо) бевосита рух медиҳад, мабдаъ ё худ гипосентри заминларза ном гирифтааст. Минтақаи сатҳи замин, ки дар он заминларза рух медиҳад, маркази заминларза номида мешавад. Маҳз дар ҳамин ҷо харобиҳои шадидтар ба амал меоянд.

С.Шамсиддинзода: Заминларза метавонад ба таври сунъӣ ба вуҷуд ояд?

Фарҳод Раҳимӣ: Бале, заминларза метавонад ба таври сунъӣ низ ба вуҷуд ояд. Масалан, дар натиҷаи тарконидани миқдори зиёди маводи тарканда дар зери замин, ё таркиш дар натиҷаи дар зери Замин гузаронидани озмоишҳои ҳастаӣ (силоҳи тектоникӣ). Қувваи чунин заминларзӣ ба миқдори таркишҳо вобаста аст. Масалан, ҳангоми озмоиши бомбаи термоядроӣ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки 30 октябри соли 1961 гузаронида шуда буд, заминларза бо чунин қувва рух дод, ки мавҷи сейсмикии дар қабати замин аз мавҷи зарбаи таркиш ба вуҷудомада, се маротиба сайёраи Заминро убур кард.

С.Шамсиддинзода: Заминларзаҳо чӣ гуна баҳодиҳӣ карда мешаванд? Мафҳумҳои шиддати заминларза ва магнитудаи заминларзаро каме шарҳ медодед.

Фарҳод Раҳимӣ: Заминларзаҳо бо ду мушаххаса (параметр) баҳодиҳӣ карда мешаванд: шиддати заминларза ва магнитудаи заминларза. Шиддати заминҷунбӣ — мушаххаса (параметр)-и сифатии заминҷунбӣ буда, он бо миқёси таъсири заминҷунбӣ ба сатҳи Замин, одамон, ҳайвонот, иншооти табиӣ ва сунъии минтақаи заминҷунбӣ баҳодиҳӣ карда мешавад. Дар ҷаҳон якчанд ҷадвали баҳодиҳии шиддати заминҷунбӣ истифода мешавад: дар Иттиҳоди Аврупо — ҷадвали макросейсмикии аврупоӣ (EMS), дар Россия — ҷадвали Медведев – Шпонхойер — Карник, дар Ҷопон — ҷадвали Агентии обуҳавошиносии Ҷопон (Shindo), дар ИМА — ҷадвали тағирёфтаи Меркалли (MM). Заминларзаҳоро аз рӯи андозаи магнитуда, ки мушаххасаи нисбии энергетикии заминларза мебошад, баҳогузорӣ менамоянд. Якчанд намуди магнитуда ва мутаносибан ҷадвалҳои магнитуда мавҷуданд: магнитудаи маҳаллӣ (Ml); магнитуда, ки аз рӯи мавҷҳои сатҳӣ муайян карда мешавад (Ms); магнитуда, ки аз рӯи мавҷҳои ҳаҷмӣ муайян карда мешавад (Mb); магнитудаи лаҳзавӣ (Mw). Миқёси маъмултарин барои арзёбии энергияи заминларзаҳо муддати тӯлонӣ ҷадвали маҳаллии магнитудии Рихтер аст. Аз рӯйи ин ҷадвал, афзоиши магнитуда ба як адад ба 32 маротиба зиёд шудани энергияи сейсмикии озодшуда мувофиқат мекунад. Заминларзаи дараҷаи 2 қариб ба назар намерасад, дар ҳоле ки дараҷаи 7 ба сарҳади поёнии заминларзаҳои харобиовар, ки минтақаҳои калонро фаро мегиранд, мувофиқ аст.

С.Шамсиддинзода: Хусусияти умумии заминларзаро тибқи ҷадвали шиддати заминҷунбӣ шарҳ медодед.

Фарҳод Раҳимӣ: Хусусияти умумии онҳо тибқи ҷадвали шиддати заминҷунбиҳо чунин аст: 1 — бал (ноаён), танҳо бо асбобҳои махсус қайд карда мешавад; 2 — бал (хеле заиф), танҳо баъзе ҳайвонҳо ва одамоне, ки дар ошёнаҳои болоии биноҳои баландошёна зиндагонӣ менамоянд, эҳсос мекунанд; 3 — бал (заиф), танҳо дар дохили биноҳо, мисли ларзиш ҳангоми ҳаракати мошини боркаш эҳсос мешавад; 4 — бал (миёна), заминларза аз ҷониби ҳамаи одамон эҳсос карда шуда, мумкин аст тирезаҳо ва дарҳо садо бароранд ва шамъдонҳову лавозимоти хона, агар ба девор мустаҳкам нашуда бошанд, ба лаппиш дароянд; 5 — бал (хеле қавӣ), ларзиши ашёҳои овезон, садо баровардани фаршҳо, шикастани шишаҳо, рехтани андова ба амал меояд; 6 — бал (пурқувват), зарари сабуки биноҳо: ба вуҷуд омадани тарқиш дар деворҳо, эҳтимол хароб гардидани баъзе биноҳои фарсуда ва бе такягоҳ ва пойдевори сейсмикӣ сохташуда ба вуқўъ меояд; 7 — бал (бисёр қавӣ), зарари назаррас ба биноҳо; рахнаҳо дар деворҳо ва шикастани қисмҳои алоҳида, рахнаҳои тунук дар тамоми биноҳо, осеби қубурҳо ва тарқишҳо дар хокҳои намӣ ба вуҷуд меояд; 8 — бал (харобкунанда), вайроншавии биноҳои ноустувор сохташуда, тарқишҳои калон дар деворҳо, афтидани пардакашакҳо (карнизҳо), қубурҳои дудбаро, вайрон шудани хати оби нўшокӣ ва канализатсия ба вуқўъ меояда, дар доманакӯҳҳо ярч фаромада, тарқишҳои чандсантиметрӣ дар сатҳи замин пайдо мешаванд; 9 — бал (бештар харобкунанда) фурӯравии баъзе биноҳо, фурӯрезии деворҳо, сақфҳо. Фурӯравӣ, обхезӣ ва ярч дар кӯҳҳо. Суръати пешрафти рахнаҳо метавонад то ба 2 см дар як сония расад; 10 – бал (нобудкунанда), фурӯравии биноҳо ва ба биноҳое, ки хароб нагардидаанд, зарари ҷиддӣ мерасад. Дар замин тарқишҳои то 1 метрӣ пайдо шуда, фаромадани ярч аз эҳтимол дур нест. Аз ҳисоби харобаҳои водиҳо дарёҳо ва кӯлҳо ба вуҷуд меоянд; 11 — бал (фалокат), тарқишҳои сершумор дар сатҳи Замин ба вуҷуд омада, фаромадани ярч ва лағзишҳои калон дар кўҳҳо рўй медиҳад ва биноҳову дигар иншоот ба пуррагӣ хароб мешаванд. 12 — бал (фалокати шадид), тағйирёбии релефи Замин ба андозаи калон ба вуҷуд омада, фаромадани ярчҳои бузург, сангпораҳо ва кўҳпораҳо ва харобшавии пурраи биноҳо ва иншоотҳо ба вуқўъ мепайвандад.

С.Шамсиддинзода: Заминларзаҳо аз рӯи чуқурии ба вуқўоӣ ба чанд гурӯҳ тақсим карда мешавад?

Фарҳод Раҳимӣ: Мувофиқи таснифоти илмӣ, заминларзаҳо аз рӯи чуқурии ба вуқўоӣ ба 3 гурӯҳ тақсим карда мешавад: муқаррарӣ — 34 то 70 км; чуқурии миёна — то 300 км; чуқурии хеле зиёд — беш аз 300 км.

Ба гурӯҳи охирин заминларзае мансуб аст, ки 24 майи соли 2013 дар баҳри Охот рух дод, он вақт мавҷҳои сейсмикӣ ба бисёр гӯшаҳои Русия, аз ҷумла ба Москва расиданд. Дар ин заминларза чуқурии заминларза ба 600 км расид. Тибқи арзёбии Гутенберг ва Рихтер, чуқурии заминларзае, ки 29 июни соли 1934 дар Баҳри Флорес рух дод, 720 км буд.

С.Шамсиддинзода: Кадом равандҳо ҳангоми заминларзаҳои шадид ҷараён мегиранд?

Фарҳод Раҳимӣ: Заминларза аз такон оғоз меёбад, сипас шикастани ҷинсҳои зеризаминӣ ва кӯчидани онҳо дар қаъри Замин ба вуқўъ меояд. Ин ҷойро маркази заминҷунбӣ ё эписентри заминҷунбӣ меноманд. Чуқурии он одатан аз 100 км зиёд нест, аммо баъзан то 700 км мерасад Дар баъзе ҳолатҳо қабатҳои замин, ки дар паҳлӯҳои шикаста ҷойгиранд, ба ҳамдигар наздик мешаванд. Баъзан баъди заминларза қитъаҳои зиёди замин поён рафта, бо об пур мешаванд. Заминларзаҳо қабатҳои болоии хокро аз доманакӯҳҳо кӯчонида, обхезиҳо ва селҳо ба вуҷуд меоранд. Дар вақти заминларза дар ҳамвории рахна ҳарорати баланд ба вуҷуд меояд, ки боиси афзоиши фишор дар сӯрохии бухорбароӣ мегардад. Ин афзоиш дар марҳила (фаза)-и тосейсмикӣ метавонад ба таназзул (эволютсия) ва суръати ҳаракат ба таври назаррас таъсир расонад, илова бар ин, дар марҳилаи пас аз сейсмикӣ он метавонад падидаи баъдитаконхўрӣ (афтершок)-ро назорат кунад, зеро афзоиши фишори сӯрохиҳо оҳиста-оҳиста ба шабакаи атрофи рахнаҳо паҳн мешавад. Заминларзаҳои зериобӣ (моретряз) сабаби сар задани сунамии мавҷҳои дароз мебошанд, ки аз таъсири қавӣ ба тамоми қаъри об дар уқёнус ба вуҷуд меоянд, ки дар он ҷо ба таври ногаҳонӣ баландшавӣ ё пастшавии як қисми қаъри баҳр ба амал меояд.

Акс: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2023 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»