Formula55 сарпарасти расмии Федератсияи таэквондо ва кикбоксинг WAKO-и Тоҷикистон шуд ⠀

Март 3, 2023 16:55

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри теннис ва варзиши обии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он байни роҳбарияти аввалин ширкати букмекерии «Формула 55», Таэквондо ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон шартномаи сарпарастӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.

Дар мулоқот роҳбарияти ширкати «Формула-55» ва президенти Федератсияи таэквондо ва кикбоксинг WAKO-и Тоҷикистон Мирсаид Яҳёев ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. ⠀

Дар нишасти матбуотӣ президенти федератсия дар бораи фаъолияти пурсамар ва натиҷаҳои варзишгарон ҳарф зада, нақшаҳои худро барои ояндаи наздик баён кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, талошҳои Федератсияи байналмилалӣ барои шомил намудани таэквандо ИТФ ва кикбоксинг ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ зиёд аст. Агар ин ҳадаф амалӣ шавад, он вақт барои варзишгарони тоҷик низ имкони хуби муаррифии Тоҷикистон дар ин чорабинии бузурги варзишӣ пайдо мешавад.

⠀ Бояд гуфт, ки Федератсияи таэквондо ва кикбоксинг WAKO-и Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсис дар мамлакати мо яке аз федератсияҳои фаъол ва маъруф ба шумор меравад, зеро зиёда аз 30 сол аст, ки фаъолияти пурсамар дорад.

Федератсия дар тӯли фаъолияти хеш 59 қаҳрамони ҷаҳонро ба камол расонида, феълан дар самти тарбияи насли наврасу ҷавон нақши муҳим мебозад. ⠀

Ёдрас мешавем, ки ширкати «Formula55» дар тамоми фаъолияти худ мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, варзишгарон, инчунин клубҳои футбол ва федератсияҳоро дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон ширкат дар ташкили мусобиқаи кушоди баскетбол, мусобиқаи байналмилалии волейбол ва дигар ҷорабиниҳои гуногуни варзишӣ саҳми арзанда мегузорад.

АКС аз ширкати «Formula55»

Март 3, 2023 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд