«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имсол дар шаҳри Душанбе барои баргузории ин озмун беш аз ду миллион сомонӣ ҷудо мегардад

Март 3, 2023 08:17

ДУШАНБЕ, 03.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 феврали соли 2023 барои баргузории Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт барои соли 2023  2 467 400 (ду миллиону чорсаду шасту ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи қарори мазкур, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур  тасдиқ гардида, масъулини соҳа вазифадор шудаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир намудани озмун тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд тазаккур дод, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони ммлакат мебошад.

Соли равон ба Низомномаи озмун якчанд тағйиру навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Тибқи Амри Президенти Тоҷикистон, вобаста ба тағйироти воридгардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 3, 2023 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ