ФУТБОЛ. 22 март мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Забӣ меравад
ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 22 март мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои анҷоми бозии дӯстона бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб, ки 25 март баргузор мешавад, ба Абу-Забӣ сафар мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Мунтахаби мо ба ҷуз аз бозӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март бо мунтахаби Кувайт низ рақобати санҷишӣ доир хоҳад кард. Ин вохӯрӣ рӯзи 28 март дар шаҳри Кувайт баргузор мешавад.
Барои ин бозиҳо 24 бозингар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Акназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






