ФУТБОЛ. Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт эълон кард
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳуриро барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март) эълон кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба дастаи мунтахаб 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудааст.
22 март дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Абузабӣ сафар карда, 25 март бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби мо рақобати санҷишии дуюмашро 28 март дар шаҳри Кувайт бо дастаи мунтахаби миллии Кувайт анҷом медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Салам Ашӯрмамадов («Думиенсе», Португалия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






