ФУТБОЛ. Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонро барои бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт эълон кард

Март 17, 2023 08:55

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ  «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳуриро барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март) эълон кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба дастаи мунтахаб 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудааст.

22 март дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Абузабӣ сафар карда, 25 март бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дастаи мунтахаби мо рақобати санҷишии дуюмашро 28 март дар шаҳри Кувайт бо дастаи мунтахаби миллии Кувайт анҷом медиҳад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март):  

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Салам Ашӯрмамадов («Думиенсе», Португалия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 17, 2023 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад