Футболбозони навраси тоҷик дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади таълимӣ мегузаронанд

Март 14, 2023 20:31

ДУШАНБЕ, 14.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимӣ мегузаронад. Дар ин хусус ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. 

Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 15 то 30 март дар Даммам доир мешавад, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон   Раҳматулло Фузайлов 27 бозингар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ дастаи мунтахаби наврасони    Тоҷикистон чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Рақибони  дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон  дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023  30 март зимни қуръакашӣ, ки дар  шаҳри  Бангкок баргузор мешавад, маълум хоҳанд шуд.

Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон дар Таиланд чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон- 2023 дар Перу мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Муҳаммад Абдулҳадов, Абубакр Маҳмудов;

Ҳимоятгарон: Баракатулло Нигматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода, Диловар Ҷамшедзода, Рустам Камолов, Амири Фарҳод;

Нимҳимоятгарон: Абубакр Саидов, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтовар Ғаюров, Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абдусатторӣ, Муҳаммад Қурбонов, Ҷовидон Хушвахтов, Миқдод Розиқов, Хоҷӣ Абдуманон, Шаҳбон Наимов, Муродҷон Ҷалилзода, Шерзод Қаҳҳоров;

Ҳамлагарон: Ориёнмеҳри Нуриддин, Билол Бобоев, Раббонӣ Камолов, Масрур Ғаюров, Юнус Исматуллоев.

Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 14, 2023 20:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад