ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир ба даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласа доир гардид

Март 15, 2023 15:48

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷаласа баргузор шуд, ки дар он  бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Дар доираи таҳлилу натиҷагирӣ аз чорабиниҳои даъватии соли сипаригашта иброз гардид, ки дар радифи баъзе комёбиву пешравиҳои назаррас ҳамоно фаъолияти бархе аз комиссияҳои даъватӣ боиси нигаронӣ мебошад.

Барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта супориш дода шуд, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули вобастаи даъват, пеш аз ҳама, ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза боз ҳам ҷоннок намуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар самти бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурати хизмати ҳарбӣ ва адои вазифаи ҷавонмардӣ  роҳандозӣ намоянд. Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулин  бояд ҷавононро мутмаин созанд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар ҷавонмарди бонангу номус аст. Онҳо бояд дарк кунанд, ки хизмат ба Ватан уҳдадорист, на ҳуқуқ. Беҳуда хизмат дар сафи Артиши миллиро мактаби мардонагӣ нагуфтаанд.

Масоили вобаста ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, бо қувваҳои эҳтиётӣ ташкилу баргузории ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқан муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва диққати аввалиндараҷа равона кардан ба сатҳу  сифати даъвати шаҳрвандон низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷамъомад буд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2023 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд