ИҚДОМИ НАҶИБ! Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба се ятими кул аз як оила манзили истиқоматӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар партави сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба се ятими кул аз як оила дар деҳаи Суфиёни ҷамоати Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат манзили нави истиқоматӣ тақдим карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Манзили истиқоматӣ аз 4 ҳуҷра, долон, ошхона ва ҳаммом иборат буда, бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст ва бо тамоми таҷҳизоти зарурии муосир барои зиндагӣ таъмин мебошад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамзамон онҳоро бо сару либос ва маводи хӯрокаи якдафъаина таъмин намуд.
Зимни супоридани манзили истиқоматӣ тазаккур дода шуд, ки имрӯз ятимону бепарасторон ва камбизоатон танҳо нестанд ва онҳо зери сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Ҳамчунин барои бо неруи барқ таъмин намудани деҳа аз ҷониби соҳибкор маблағ дар ҳаҷми 6 600 сомон ҷиҳати харидории симчӯбҳои оҳанӣ ҷудо карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромада, пайваста бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдомҳо карда мешаванд.
Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳирҷони САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»




























Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






