Имрӯз дар Хуҷанд Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон оғоз меёбад

Март 11, 2023 09:20

ДУШАНБЕ, 11.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 март дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон (солҳои таваллуди 2006-2008) оғоз мегардад, ки то пагоҳ, 12 март идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар чемпионати мазкур аз рӯи 8 категорияи вазнӣ дар байни писарон беш аз 200 варзишгар аз 9 даста — се даста аз шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Хатлон, якдастагӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати мазкур ба дастаи мунтахаби ҷудои мамлакат дар байни наврасон шомил гардида, Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2023 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад