ИМРӮЗ — РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Расонаҳо дар таъмини амнияти иттилоотӣ нақши муҳим доранд

Март 11, 2023 08:19

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 11 март матбуоти тоҷик 111-сола шуд. Тӯли ин муддат матбуот дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум ва ҳифзи арзишу манфиатҳои миллиамон саҳми беназир  гузоштааст.

Дар Рӯзи матбуоти тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба нақши матбуот дар маърифатнок гардидани аҳли ҷомеа, рисолату обрӯ ва эътибори он, инчунин вазъи имрӯзаи матбуоти даврӣ бо сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Фаъолияти  воситаҳои  ахбори оммаро   кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзим менамояд?

Раҳмоналӣ Шералиев: Дар айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили он мунтазам идома меёбад. Фаъолияти онҳо  тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад (Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон). Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад.

Заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ омили муҳиме гардид, ки низоми матбуоти тоҷик аз ҷиҳати шакл, муҳтаво, таъйинот ва теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо низ дигаргун шуда, ба таври назаррас рушд ёбад.

АМИТ «Ховар»: Дар айни замон вазорат ҷиҳати  рушди соҳаи табъу нашри мамлакат кадом  тадбирҳоро меандешад?

Раҳмоналӣ Шералиев: Барои рушди соҳаи табъу нашр «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022 ба тасвиб расид, амалӣ гардида истодааст. Ҳадафи он муҳайё намудани шароит баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои табъу нашр ва матбуот, мақоми онҳо дар ҷомеа тавассути ҷорӣ намудани технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини дастёбии озодона, баробар ва васеи истифодабарандагони матбуоти миллӣ аз захираҳои тозанашри анъанавӣ ва рақамии дар мамлакат ва ҷаҳон паҳнгардида, баландбардории сатҳи фарҳанги иттилоотии ҷомеа ва ба ин васила бунёди фазои ягонаи сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, илмию маънавӣ ва фарҳангию иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барнома ба ташаккули низоми самараноки инноватсионие равона гардидааст, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии матбуоти миллӣ, муқовимати солими он дар фазои дохиливу хориҷӣ, баровардани маҳсулоти чопии ба талаботи замон ҷавобгӯй, афзоиши маводи табъу нашри ватанӣ, низоми дастрасии шаҳрвандон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва ба ин васила ба фарогирии пурраи фазои фарҳангӣ, равобити мутақобилаи судманди аҳолӣ, таҳкими некуаҳволии шаҳрвандон, суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»: Дар бораи нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир   чӣ  назар доред?

Раҳмоналӣ Шералиев: Асри ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ дар соҳаи иттилоърасонӣ хавфу таҳдидҳои амниятиро дар фазои иттилоотии кишварҳо ба вуҷуд овард. Таҳоҷуми фарҳангӣ, таблиғи афкори барои ҷомеаи мо бегона, талқини экстремизм ва ифротгароӣ дар зеҳни ҷавонон ва ба ин васила ворид намудани зарбаҳои муҳлик ба амният ва рушди босуботи ҷомеаҳои солим аз хавфу таҳдидҳои замони нав маҳсуб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки «манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Дар ҳақиқат, имрӯз таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаи ҷиддие маҳсуб мешавад, ки нақши расонаҳо дар он хеле муҳим аст. Манфиатҳои миллии мо тақозо менамояд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар дили мардум ва ба ин васила дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз вазифаҳои дигарест, ки воситаҳои ахбори омма дар асри ҷаҳонишавӣ бар дӯш доранд.

Мо боварии комил дорем, ки воситаҳои ахбори омма дар оянда низ баҳри амалӣ гаштани сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми сазовори хешро  мегузоранд ва аз худ иқдом ва ибтикори боз ҳам бештар нишон медиҳанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2023 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
Киҳо бояд дар моҳи Рамазон рӯза нагиранд? Ба ин савол Раиси Шурои уламо посух гуфт
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
«САД РАНГИ ЧАКАН». Ин фестивал бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунари бостонии халқи тоҷик баргузор мешавад