Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст

Март 7, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҳисобҳои охирине, ки аз ҷониби маркази ШМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) нашр шудааст, дар давраи тирамоҳу зимистон   26 миллион ҳолати зуком, 290 ҳазор ҳолати бистаришавӣ ва 18 ҳазор фавт аз ин беморӣ  дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои маркази ШМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо, дар ин мавсим дар ШМА  аз зуком 117 кӯдак фавтидааст.

Теъдоди бистаришавӣ бо бемории зуком дар мамлакат дар ҳоли коҳиш аст. Тавре ки CDC хабар додааст, дар ҳафтае, ки  25 феврал ба охир расид, тақрибан 1500 нафар бо ин сироят дар беморхона бистарӣ карда шуд.

Дар CDC ба ҳамаи сокинони аз 6-моҳа боло тавсия дода шуд, ки ҳар сол ҳангоми фаъол будани сироят ваксина бар зидди зуком гиранд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 7, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд