ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Бадахшон барои омодагӣ ба маъракаи кишти баҳорӣ ба масъулин супориш дода шуд

Март 31, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  зимни машварати назоратии назди раиси вилоят бобати истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои зери юнучқа қарордошта, бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъмини онҳо бо тухмии хушсифат, мубориза бо ҳашароти зараррасон, омода намудани сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, омодагӣ ба маъракаи кишти баҳорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, иҷрои нақшаву стратегияҳои давлатӣ, риояи интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳо ба шахсони мутасаддӣ супоришҳои иловагӣ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, дар машварат ҳамзамон масъалаҳои рафти омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, маъракаи сабзазоркунӣ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишини вилоят, рафти иҷрои қарори раиси вилоят оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» муҳокима карда шуд.

Инчунин ҳисоботи Корхонаи фаръии  «Бадахшонагролизинг» ҷиҳати бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ва ташкили базаҳои моддии техникии марказҳои хизматрасонии техникӣ дар ноҳияҳои вилоят, пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷиши иҷрои «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои то соли 2030» ошкор карда шуд ва гузориш оид ба санҷишҳои ногаҳонӣ ҷиҳати таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораву муассисаҳои вилоят баррасӣ гардид.

Зимни таҳлили масъалаҳо дар машварат аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъулин барои таъмини саривақтии нақшаю барномаҳои давлатӣ дастури мушаххас дода шуд.

АКС : Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 31, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд