«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар даври ҷамъбастии озмун кадбонуҳои шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд

Март 20, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» муайян гардиданд. Дар он ҷойи якум ба кадбонуҳои шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм ба кадбонуҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҷойи сеюм ба кадбонуҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт сазовор дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, роҳбарияи  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» доир гардид.

Дар он кадбонуҳои чирадасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Рашт маҳорату малакаи баланди кадбонуии худро ба маърази тамошо гузоштанд.


Ғолибони озмун дар фазои тантанавӣ аз ҷониби меҳмонони воломақом бо Диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Кадбонуҳои шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини фарҳангии аҳли санъату ҳунар ба ҳамоиш фазою шаҳомати идона зам намуд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 20, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд