«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар даври ҷамъбастии озмун кадбонуҳои шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» муайян гардиданд. Дар он ҷойи якум ба кадбонуҳои шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм ба кадбонуҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҷойи сеюм ба кадбонуҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рашт сазовор дониста шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Даври ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, роҳбарияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо дар муассисаи давлатии «Боғи Ирам» доир гардид.
Дар он кадбонуҳои чирадасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Рашт маҳорату малакаи баланди кадбонуии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ғолибони озмун дар фазои тантанавӣ аз ҷониби меҳмонони воломақом бо Диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.
Кадбонуҳои шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи рангини фарҳангии аҳли санъату ҳунар ба ҳамоиш фазою шаҳомати идона зам намуд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






