КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Сендайи Ҷопон конфронси осиёӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сендайи Ҷопон конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.
Конфронс аз 10 то 12 март гузаронида шуда, дар он роҳбарони ҳолатҳои фавқулода аз 22 давлати Осиё, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва олимон иштирок намуданд.
Дар конфронс Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардидаанд, инчунин сиёсати коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳо сухан гуфт.
Иштироккунандагони конфронс якдилона қарор қабул карданд, ки дар мавриди дар шаҳри Душанбе гузарондани конфронси навбатӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд






