ЛОИҲАИ УСТУВОРГАРДОНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ. Дар доираи он барои дастрасии аҳолӣ ба инфрасохтори ҳаётан муҳим шароит муҳайё карда мешавад

Март 10, 2023 14:11

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ ва дар доираи Лоиҳаи устуворгардонии шаҳр бо мақсади кам кардани шиддати танбашавии аҳолӣ дар пулҳои мошингузар, ҳамзамон мусоидат ба сокинони маҳаллаҳои «Баракат» ва «Табобатхона» ҷиҳати сари вақт расидан ба маркази шаҳри Хоруғ аз болои дарёи Ғунд ва Шохдара пули нави пиёдагард бо дарозии то 80 метр ва паҳноии 4 метр сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Ҳамзамон дар доираи ин лоиҳа кормандони Хоҷагии об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ соҳиби либоси махсус ва ашёи корӣ гардид, ки аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба онҳо дастрас карда шуд. Ин тадбир бо мақсади беҳтар намудани шароити кору хизматрасонии кормандони Хоҷагии об ва канализатсияи шаҳр ба роҳ монда шуд.

Ҷузъи асосии «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2020-2025» бо назардошти мавқеи хоси шаҳр, ки яке аз шаҳрҳои баландкӯҳ ва осебпазири мамлакат буда, зери хатари доимии табиӣ, иқлимӣ, иҷтимоӣ ва демографӣ қарор дорад, бояд ба инобат гирифта шавад.

Барнома бо мақсади табдил додани муҳити осебпазири шаҳри Хоруғ ба муҳити бехатар ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои бехатарӣ ва дастрасии доимии аҳолӣ ба инфрасохтори ҳаётан муҳими зиндагӣ, аз ҷумла роҳҳо, обу корез, хати неруи барқ ва дигар инфрасохтор бо ҷалби имконият ва роҳнамоии мақомоти давлатӣ бо шарикони рушд таҳия гардидааст.

Вазифаи асосии лоиҳа устувории иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хоруғ ба ҳисоб меравад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 10, 2023 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд