Мадинаи Рустам дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ ду Шоҳҷоиза ба даст овард

Март 27, 2023 15:46

ДУШАНБЕ, 27.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавондухтари ноҳияи Восеъ Мадинаи Рустам дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки 21- 22 март дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби ду  Шоҳҷоиза — ду мошини сабукрав шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Мадинаи Рустам 21 март дар мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҳорати хуб нишон дода, шаш рақибро мағлуб намуд ва соҳиби мошини сабукрав гардид.

Мадинаи Рустам бо мақсади дастгирии ятимону бепарасторон ва ғамхорӣ намудан ба ин ашхос Шоҳҷоизаи бадастовардаи худро ба  хонаи ятимони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ туҳфа кард.

Инчунин ин варзишгари номдор дар гӯштини миллӣ, ки 22 март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар баргузор гардид, 9 ҳарифи худро шикаст дода, соҳиби яке аз шоҳҷоизаҳо – мошини  «Лада приора» шуд.

Калиди мошинро  дар вазъияти тантанавӣ ба Мадина Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид супорид.

Ёдовар мешавем, ки Мадинаи Рустам зодаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ буда, дастпарвари мактаби варзишии Кангурт аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2023 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад