МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ДАР БАДАХШОН. Дар Шуғнон ва Ишкошим автобусҳои нав ба роҳ мебароянд

Март 14, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳияи Шуғнон 3 автобуси нав туҳфа карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Автобусҳои нав дар хатсайрҳои Навобод – Хоруғ, Дарморахт – Хоруғ ва Поршинев – Хоруғ ҳаракат менамоянд.

Автобусҳои мусофиркашони нав дорои 30 ҷойи нишаст ва ба ҳама талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар онҳо чор камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст. Ҳамзамон дар автобусҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон дар доираи ин кумак се автобуси мусофиркашон, як мошини ёрии таъҷилӣ, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ба бахши фарҳанги ноҳия ва мошинаҳои дӯзандагӣ ба ноҳияи Ишкошим дастрас карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки  дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофиркашон фиристода шуд.

Дар марҳилаи нави рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи Президенти мамлакат иборат аз 26 автобуси мусофирбари замонавӣ ва ду мошини ёрии таъҷилӣ ба шаҳри Хоруғ расид.

Маҳз бо ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бадахшон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид ва дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ободкориҳо рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки аз автобусҳои тақдимнамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 адад ба шаҳри Хоруғ ва 3-ададӣ ба ноҳияҳои вилоят дода шуд.

Ҳамзамон туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси аҳли фарҳанги вилоят гардид.

Бояд гуфт, ки солҳои зиёд кормандони соҳаи фарҳанги вилоят аз надоштани дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз бо мушкилиҳои зиёди соҳавӣ рӯ ба рӯ буданд.

Дастгоҳи тақвияти овоз дар саҳни Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба аҳли фарҳанги вилоят супорида шуд.


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шуғнон

Март 14, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд