Маркази миллии тестӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис додааст
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 март дар 6 ноҳияи ҷумҳурӣ – Дарвоз, Кӯҳистони Мастчоҳ, Сангвор, Ховалинг, Балҷувон ва Ишкошим нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ба фаъолият оғоз намуданд. Муҳлати фаъолияти нуқтаҳои мазкур давоми ду ҳафта ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 2000 хатмкунандаи ин ноҳияҳо тавассути онҳо метавонанд аз қайди расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мазкур иттилоъ доданд.
Инчунин давоми моҳи март дар 6 шаҳру ноҳияи дигари ҷумҳурӣ, аз ҷумла Роғун, Тоҷикобод, Нуробод, Шаҳристон, Роштқалъа, Рӯшон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр фаъолият карданд, ки зиёда аз 3000 хатмкунанда дар заминаи синфҳои 9 ва 11 дар онҳо ба қайд гирифта шуд.
Тибқи нақшаи фаъолияти Марказ, давоми моҳи апрели соли 2023 боз дар 3 ноҳияи дигари ҷумҳурӣ: Лахш, Ванҷ, Мурғоб нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода мешаванд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли равон аз 1 март ба роҳ монд. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ амал намекунанд, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода шудаанд. Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ то 30 апрел муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи нақша дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи бақайдгирии доимамалкунанда бо теъдоди 152 истгоҳи корӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шудаанд, ки дар умум 59 шаҳру ноҳияро фаро мегиранд. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






