Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА тағйир ёфт

Март 31, 2023 10:17

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 25 ва 28 март бо дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бозии дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар бозии аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Абузабӣ бо тими мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозиро мусовӣ (0:0) анҷом дод.

Дар бозии дуюм футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Кувайт бо дастаи мунтахаби Кувайт бозии дигари рафиқона доир карданд. Он ҷо бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Пас аз бохт аз дастаи мунтахаби Кувайт дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии FIFA 4 зина пойин омада, дар мавқеи 111 -ум маскан гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии нави ФИФА ҳоло дастаи мунтахаби Бразилия бо 1841 имтиёз ҳамоно дар садри ҷадвал аст. Дастаи мунтахаби Аргентина бо 1838 имтиёз ва дастаи мунтахаби Фаронса бо 1823 имтиёз мавқеъҳояшонро тағйир дода, ба сегонаи беҳтаринҳо шомил ҳастанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дафъаи дигар таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт моҳи май, вақте омодагиҳо ба чемпионати нахустини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ шуруъ мешаванд, ҷамъ хоҳад шуд. Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати CAFA-2023 аз 9 то 20 июни соли равон дар шаҳри Тошканд ва Бишкек ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 31, 2023 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад