«МЕҲРИ ВАТАН». Таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб нашр гардид

Март 17, 2023 17:24

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Меҳри Ватан» — таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб чоп гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин 60-умин китоби маҳсули килки эҷоди меҳанпарваронаи шоир аст, ки ашъори дар солҳои мухталиф офаридаи ӯро дар бар мегирад. Дар ҳар шеъри он сухану маънои тозае аз боби ватандорӣ ба назар расида, хонандаро ба роҳи нангу номус ва ҳифзи қаламрави аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Китоби мазкур бо теъдоди 1000 нусха як рӯз қабл аз ҷашни мавлуди шоир тавассути нашриёти «ЭР-Граф» аз чоп баромад.

Муҳаммад Ғоиб дар Тоҷикистон ва берун аз он маҳбубияти хос дошта, муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон», «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст»  ва ғайра мебошад.

Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин шуда, бо Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардидааст.

ДАЪВАТ (шеъри Муҳаммад Ғоиб)

Гӯш ҳарфи роҳбар бояд кунем,
Дуртар роҳи назар бояд кунем.

Дасти нанги худ сипар бояд кунем,
Қатраҳоро ҳам гуҳар бояд кунем.

Дар ҳама майдон зафар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Бонги заҳмат гар расад ҳар дам ба гӯш,
Мешавад неши раҳи тақдир нӯш.

Дар диёри рӯдҳои пурхурӯш
Ҳар қадам бояд, ки бошад сабзпӯш.

Хоки мулки хеш зар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Бояд аз ҳар қуллаву кӯҳи баланд
Ибрат омӯзем, андӯзем панд.

Хоксоронанд гарчӣ дилписанд,
Сарбаландонанд ҳар ҷо арҷманд.

Боз тоҷи худ ба сар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Дигар аст имрӯз авзои ҷаҳон,
Мешавад пайдо балояш ногаҳон,

Дидаааш дом аст бар дилогаҳон,
Алҳазар аз ин раҳу аз ҳамраҳон.

Мо фақат бояд ба худ бовар кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Як замон машҳур дар дунё будем,
Байни навомӯзҳо доно будем.

Баҳри дармони ҳама Сино будем,
Соҳиби девону Мавлоно будем.

Хешро машҳуртар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Бояд аз абри ҳунар борон канем,
Аз танӯри умр бояд нон канем,

Роҳ сӯи қуллаи армон канем,
Баҳри рӯсурхии миллат ҷон канем,

Хешро хуни ҷигар бояд кунем.
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Дар канори меҳри ӯ растем мо,
Меҳр бар обу гилаш бастем мо.

Гулшан аст, аз накҳаташ мастем мо,
То қиёмат бо Ватан ҳастем мо.

Талхии ҳастӣ шакар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 17, 2023 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд