Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти сеюми вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Март 15, 2023 19:01

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли неруи барқро тавассути ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба нақша гирифтааст. То соли 2030 иқтидори муқарраргардидаи истеҳсоли барқ аз ҳисоби энергияи офтобӣ ва шамол бояд на камтар аз 700МВт -ро ташкил диҳад. Дар ин самт аллакай якҷо бо шарикони рушд лоиҳаи якчанд истгоҳи офтобӣ таҳия гардида истодааст. Чунин гуфт Вазири энергетика ва захираҳои оби  Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар нишасти 3-юми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки дар сиғаи маҷозӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Дар нишаст вазирони энергетикаи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои марбут ба энергетикаро бо инобати дорои иқтидори бузурги энергия будани минтақа баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сохтмони НБО «Роғун»- ро идома дода истодааст ва он дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба ҳамсоядавлатҳо низ саҳм мегузорад.

Дар нишаст татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории байниминтақавӣ, рушди энергияи «сабз», бунёд ва таҷдиди манбаъҳои нави тавлиди неруи барқ, аз ҷумла неругоҳҳои дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар доираи ҳамкории муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон сохташаванда таъкид гардид.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки соҳаи энергетика  аз равандҳои дар ин самт баамаломада дар канор намонд. Мусаллам аст, ки оби дар неругоҳҳо истифодашаванда аз ҳисоби пиряхҳо ба вуҷуд меояд, ки мутаассифона, солҳои охир босуръат об шуда истодаанд.

Тибқи арзёбии коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон давоми асри сипаригардида 30 фисади ҳаҷми худро аз даст додаанд. Баҳри ҳифзи онҳо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо қатъномаи қабулнамудаи Созмони Милали Мутаҳид пазируфта шуд.

Дар айни замон ҳаҷми умумии сармоягузории давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон зиёда аз 1,3 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад. Дар нишаст  ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси энергетикию сӯзишворӣ дар доираи ин созмон баррасӣ карда шуд.

Тавре иброз гардид, ҳамасола дар доираи шартномаи дуҷониба аз Русия қисми назарраси маҳсулоти нафтӣ тариқи тавозуни индикативӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад. Ба чоргонаи асосии шарикон оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон  Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон дохиланд.

Вазирони энергетикаи Созмони ҳамкории Шанхай ҳамзамон масъалаҳои дигари марбут ба таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзоро дар соҳаи обу энергетика баррасӣ намуданд.

     АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2023 19:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид