ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Занони муштзани тоҷик дар мусобиқаи Деҳлӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муштзанони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон, ки имрӯз дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардид, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Мижгона Самадова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) муаррифӣ мекунанд. Онҳоро дар мусобиқаи мазкур 2 мураббӣ роҳнамоӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон аз 16 то 26 март дар Деҳлӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқа намояндагони 65 давлат иштирок мекунанд.
Муштзаноне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло ба даст меоранд, бо маблағи 100 ҳазор доллари ШМА, медали нуқра 50 ҳазор доллари ШМА ва медали биринҷӣ бо 25 ҳазор доллари ШМА қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






