ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаро бо 4 имтиёз анҷом дод
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар доираи бозии охири даври гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон оид ба футбол бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и шаҳри Тошканд доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Натиҷаи вохӯрии мусовӣ барои футболбозони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кумак накард, ки ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёбад. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Урдун бо Уммон ҳисобро мусовӣ (0:0) карданд. Ҳамин тавр, дар гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ (7 имтиёз) ва Урдун (4 имтиёз) ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ мусобиқаи мазкурро бо 4 имтиёз ба анҷом расонид. Дар бозии аввал дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 2 март бо ҳисоби 2 бар 0 аз дастаи Урдун мағлуб шуда, дар бозии дуюм дастаи мунтахаби ҷавонони Уммонро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дод. Дар бозии даври охир дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ мусовӣ — 0 бар 0 бозӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар ду мусобиқаи охирини Ҷоми Осиё (солҳои 2016, 2018) дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ба даври баъдӣ роҳ ёфта буд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






