ПАЙКИ НАВРӮЗӢ! Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода мусобиқаҳои аспдавонӣ ва гӯштини миллӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 март ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ ва гӯштини миллӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Вобаста ба гузаронидани мусобиқаҳои мазкур дар шаҳри Турсунзода тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода, мураббиёни гӯштини миллӣ ва дигар масъулини соҳаи варзиш дар шаҳр вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои миллии варзишӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Тибқи нақша, мусобиқаҳои аспдавонӣ ва гӯштини миллӣ дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода 21 март дар деҳаи Юлдош Ашӯрови Ҷамоати деҳоти Қаратоғ баргузор мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






