ПАЙКИ НАВРӮЗ. Дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе табақи сабзаи суманак гузошта шуд

Март 14, 2023 08:27

ДУШАНБЕ, 14.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр гузошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе».

Дар паҳлӯи табақи сабзаи суманак  дигар ороишоти ба ин ҷашн хос   гузошта шуда, дар  атрофи он  дарахтони гуногуни  пургул, сабадҳои гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб карда шудаанд. Навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» ба ин макон шукўҳи дигар  бахшидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирини суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаи донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз байни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборат буданд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода карда мешавад. Суманак инчунин ифодаи пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар байни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Суманак намоду нишони ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон аст. Ҳамаи хӯрокҳое, ки барои Наврӯз таҳия мешаванд, маъмулан аз гандум ё ҷав омода мегарданд. Суманак беҳтарин намунаи онҳо мебошад.

Дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Дидор САЪДУЛЛОЕВ

Март 14, 2023 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои бошукуҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд
Дар Душанбе доир ба таърихи ҷашни Наврӯз конфренсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд