Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд

Март 31, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида буд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “СМУ-1” мебошад.

Бинои Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомӣ якошёна буда, аз 3 толор, 9 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, муоинаи бемориҳои занона, доругузаронӣ, эмгузаронӣ, таҳлилгоҳу озмоишгоҳ, хатнаи кӯдакон, ташхиси ултрасадо, таваллуд ва баъди таваллуд иборат мебошад.

Баъди таъмиру навсозӣ имконият ва шароити ташхису табобат дар Маркази саломатии деҳаи Зарафшон бо ворид намудан ва муҷаҳҳаз гардонидани таҷҳизоти муосири тиббӣ, ашё, дигар ҷиҳози зарурӣ мувофиқ ба талаботи замон беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Ба туфайли фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Зарафшон 9 нафар, аз ҷумла 1 табиб, 6 корманди миёнаи тиб, 1 корманди хурди тиб ва хоҷагидор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд.

Аксари мутахассисони соҳа, ки дар ин Маркази саломатӣ фаъолият мекунанд, сокинони ҳамин деҳот мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба мутахассисони Маркази саломатии деҳаи Зарафшон ва ҳам масъулони соҳаи тандурустии вилояту ноҳия дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ ба сокинон содиқона хизмат намоянд.

Аз усулҳои муосиру маъмули ташхису табобати беморон истифода намуда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Қобили тазаккур аст, ки баъди таъмиру навсозӣ намуди зоҳирӣ, дохили бино, ҳуҷраҳои ташхису табобат ва дигар намуди хизматрасониҳои тиббии Маркази саломатии деҳаи Зарафшон куллан дигаргун, барҳавою зебо, атрофи он сабзазору гулзор ва дилкашу гуворо гардидааст.

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод баъди таъмиру азнавсозӣ 31.03.2023

Март 31, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд