Президенти IBA тасмим гирифтааст, ки дар Ҳисор 20 км роҳи дараи Алмосиро таҷдид ва мактаби варзишии бокс ташкил намояд

Март 28, 2023 18:24

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв тасмим гирифтааст, ки 20 километр роҳи дараи Алмосии шаҳри Ҳисорро аз гардиши  шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода навсозӣ ва таҷдид намояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Умар Кремлёв дар суҳбат бо Раиси шаҳри Ҳисор иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст дараи Алмосии шаҳри Ҳисор- як гӯшаи Тоҷикистонро, ки зодгоҳи падару бобоёнаш аст, обод намояд. Мавсуф ба раиси шаҳр мақсаду маром ва лоиҳаҳоеро, ки мехоҳад амалӣ намояд, аз қабили навсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ, бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтор дар маркази Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки роҳ бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии Тоҷикистон навсозӣ гардида, охири тобистони соли равон- дар арафаи ҷашни Истиқлоли  давлатии  Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв бо даъвати Раиси шаҳри Ҳисор инчунин бунёди Мактаби варзишӣ оид ба боксро дар минтақа ба уҳда гирифта, пешниҳод намуд, ки он ба номи падараш Назар Сафаров  гузошта шавад. Таклифи мазкур пазируфта шуд.

Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон ба ҳисоб рафта, роҳбарии Хазина ва вазифаи Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии боксро бар дӯш дорад. Мавсуф шаҳрванди Русия буда, соли 1982 дар шаҳри Серпуховаи вилояти Москва таваллуд шудааст.

     АКС аз бойгонӣ

Март 28, 2023 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд