Президенти IBA тасмим гирифтааст, ки дар Ҳисор 20 км роҳи дараи Алмосиро таҷдид ва мактаби варзишии бокс ташкил намояд

Март 28, 2023 18:24

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв тасмим гирифтааст, ки 20 километр роҳи дараи Алмосии шаҳри Ҳисорро аз гардиши  шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода навсозӣ ва таҷдид намояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Умар Кремлёв дар суҳбат бо Раиси шаҳри Ҳисор иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст дараи Алмосии шаҳри Ҳисор- як гӯшаи Тоҷикистонро, ки зодгоҳи падару бобоёнаш аст, обод намояд. Мавсуф ба раиси шаҳр мақсаду маром ва лоиҳаҳоеро, ки мехоҳад амалӣ намояд, аз қабили навсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ, бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтор дар маркази Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки роҳ бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии Тоҷикистон навсозӣ гардида, охири тобистони соли равон- дар арафаи ҷашни Истиқлоли  давлатии  Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв бо даъвати Раиси шаҳри Ҳисор инчунин бунёди Мактаби варзишӣ оид ба боксро дар минтақа ба уҳда гирифта, пешниҳод намуд, ки он ба номи падараш Назар Сафаров  гузошта шавад. Таклифи мазкур пазируфта шуд.

Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон ба ҳисоб рафта, роҳбарии Хазина ва вазифаи Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии боксро бар дӯш дорад. Мавсуф шаҳрванди Русия буда, соли 1982 дар шаҳри Серпуховаи вилояти Москва таваллуд шудааст.

     АКС аз бойгонӣ

Март 28, 2023 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

5 декабр дар се минтақаи шаҳри Душанбе фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот намуданд
«ШОҲИ МЕВАҲО». Бо истифода аз мавсими хурмо ин меваро ба нафъи саломатӣ бояд истеъмол намуд
АСАЛИ ТОҶИКИСТОН. Зиёда аз сад намунаи он ба бозори давлатҳои Иттиҳоди Аврупо роҳ ёфтаанд
3 ДЕКАБР -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Давоми се соли охир дар Тоҷикистон нишондиҳандаи маъюбӣ 7 фоиз паст фароварда шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) иштирок ва суханронӣ намуданд
«ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шаҳри Душанбе бо гирифтани 2 Шоҳҷоиза, 11 ҷой ва 3 ҷойи ифтихорӣ дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
«ПЕШГИРИИ ПАНДЕМИЯ, ҲИФЗИ СИСТЕМАҲОИ ОЗУҚАВОРӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ». Ҳайати Тоҷикистон дар Алмато дар ин ҷаласаи минтақавии сатҳи баланд иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд