Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канорӣ «Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об» иштирок карданд

Март 22, 2023 23:50

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, ки аз ҷониби ҳамраиси конфронс – Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида буд, иштирок карданд.

Иштирокчиён саривақтӣ будани чорабиниро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки вобаста ба вазъи мураккаби захираҳои об зарурати суръатбахшии амалҳо ва тағйир додани муносибат ба ин захираҳои бебаҳо пеш омадааст.

Таъкид карда шуд, ки захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши назаррас доранд ва тавассути он дар соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки 98 фоизи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути манбаҳои барқароршаванда истеҳсол гардида, Тоҷикистон дар рушди сабзи минтақа нақши муассир мегузорад. Дар баробари омилҳои манфиатбор офатҳои табиии марбут ба рушди иқтисодиёт таъсири ногувор мерасонад. Ба таъкиди коршиносон 70 фоизи ҳолатҳои фавқулода ва 80 фоизи талафоти иқтисодӣ ба омилҳои монанд ба офатҳои табии марбут ба об иртибот дорад. Дар солҳои гуногун зарар аз офатҳои табии марбут ба об 8-9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон балки хоси дигар давлатҳо, хусусан давлатҳои ру ба рушд мебошад.

Дар чорабинӣ сиёсигардонии масъалаи об ҳамчун мавзуи муҳим таъкид гардид ва бо назардошти он такмили сиёсат ва тарҳрезии стратегияву барномаҳои рушд тадбири муассир арзёбӣ карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конференсияи имрӯза доир ба масъалаҳои об ба дарки амиқи муҳимияти об ва идораи оқилонаи он мусоидат менамояд.

Иштирокчиёни чорабинӣ муҳимияти ҷалби таваҷҷуҳи махсусро ба маҷмуи масъалаҳои марбут ба об таъкид намуданд.

Иштирок дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об” 22.03.2023

Март 22, 2023 23:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд